Раисони Хоруғ, Исфара, Шаҳринав, Файзобод ва Муъминобод ҳам барканор шуданд

Президенти Тоҷикистон имрӯз як қатор раисони шаҳру ноҳияҳоро аз вазифаҳояшон барканор намуд. Дар баробари ин ба ҷойи онҳо раҳбарони нав таъин шуданд.  Кишвар Шамиров аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шудааст. Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт муовини якуми раиси ин вилоят буд, раиси шаҳри Хоруғ […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон имрӯз як қатор раисони шаҳру ноҳияҳоро аз вазифаҳояшон барканор намуд. Дар баробари ин ба ҷойи онҳо раҳбарони нав таъин шуданд. 

Кишвар Шамиров аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шудааст. Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт муовини якуми раиси ин вилоят буд, раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи ӯ кӣ муовини якуми раиси вилоят таъин шудааст.

Раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд Акрам Сулаймонзода ҳам аз мақомаш барканор шудаву ба ҷойи ӯ Баҳоваддин Баҳодурзода раиси ин шаҳр таъин шудааст. Акрам Сулаймонзода акнун муовини раиси вилояти Хатлон шудааст. Ӯ дар ин мақом ба ҷойи Раҷабалӣ Раҷабов омад.

Нусратулло Аюбзода ҳам аз мақоми раиси ноҳияи Шаҳринав озоду ба ҷойи ӯ Ҷаббор Носирзода раис таъин шудааст. Гуфта мешавад Ҷаббор Носирзода то ин вақт муовини раиси шаҳри Ҳисор будааст.

Раиси ноҳияи Файзобод ҳам бо сабаби ба кори дигар гузаштан ба курсии раиси ноҳия хайрухуш кардаву Бобишо Холзода ба ин курсӣ такя зад. Бобишо Холзода то ин замон сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели ба кори дигар гузаштан раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Тоҳирхон Амиршозодаро аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Лутфия Шарифзодаро раис кард. Бону Шарифзода пеш аз раис шудан дар ҳамин ноҳия муовини раис буд.

Ҳамчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода низ озод ва ба ҷойи Азизулло Исматзода, ки то ин замон раиси Агентии хоҷагии ҷангал буд, ба мақоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.