Оё Рустами Эмомалӣ дар мансаби президенти ФФТ боқӣ мемонад?

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияро тасдиқ намуд, ки дар он роҳбари ташкилот интихоб мешавад. Конфронси Федератсия рӯзи 16 декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз” дар пойтахт баргузор мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар конфронс аз фаъолияти ташкилот дар давраи солҳои 2016-2019 натиҷагирӣ шуда, ба Оинномаи ФФТ тағйироту иловаҳо ворид […]

Asia-Plus

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзномаи Конфронси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияро тасдиқ намуд, ки дар он роҳбари ташкилот интихоб мешавад.

Конфронси Федератсия рӯзи 16 декабр дар маҷмааи “Кохи Наврӯз” дар пойтахт баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар конфронс аз фаъолияти ташкилот дар давраи солҳои 2016-2019 натиҷагирӣ шуда, ба Оинномаи ФФТ тағйироту иловаҳо ворид мегарданд.

Инчунин дар ҷараёни кори конфронс президент ва ноибони президенти Федератсия интихоб карда мешаванд.

Айни замон Федератсияро Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ карда, муовини аввали ӯ Хуршед Мирзо, муовинонаш – Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов мебошанд. Давлатманд Исломов ба ҳайси котиби генералии Федератсия кор мекунад.

Қобили зикр аст, ки бори охир конфронси ҳисоботӣ-интихоботии ФФТ аввали соли 2016 доир гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.