Мутахассисони тоҷик ба санҷиши қубури гази Музробод-Душанбе шурӯъ карданд

Дар Тоҷикистон ба санҷиши ҳамаҷонибаи шоҳқубури гази Музробод-Душанбе, ки гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба кишвари мо тариқи он интиқол меёбад, оғоз намуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта дар бораи вазъи ин қубур маълумоти нигаронкунанда расид: бо сабаби аз сӯрохии қубур хориҷ шудани газ, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба санҷиши ҳамаҷонибаи шоҳқубури гази Музробод-Душанбе, ки гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба кишвари мо тариқи он интиқол меёбад, оғоз намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, охири ҳафтаи гузашта дар бораи вазъи ин қубур маълумоти нигаронкунанда расид: бо сабаби аз сӯрохии қубур хориҷ шудани газ, ки ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 газ дода мешуд, дар ду манзил дар ноҳия Рӯдакӣ таркиш ба амал омад.

Ба гуфтаи ӯ, муддати тӯлонӣ, ки муносибатҳои Тошканду Душанбе ба сардӣ гароида буданд, тариқи ин қубур газ ба Тоҷикистон интиқол дода намешуд.

“Дар ин давра баъзе шаҳрвандон мустақиман болои он манзил сохта, шохаҳои алоҳидаи он таъмир намешуданд, ки ба ҳодисаҳои фоҷеабор дар ноҳияи Рӯдакӣ боис гардид”, – қайд кард Юсуфӣ.

Зимнан таъкид шуд, ки санҷиши қбури газ танҳо дар қитъаи Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои ташхиси аз ҷониби КҲФ гузаронида ошкор шуд, ки таркиш дар хонаҳои сокинони деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ бар асари аз сӯрохии қубур хориҷ шудани газ ба амал омадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.