ИМА Тоҷикистонро дар феҳристи 10 кишвари поймолкунандаи ҳуқуқҳои динӣ боқӣ гузошт

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи поймолкунандагони озодии дину эътиқод чораҷӯӣ мекунад, гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар торнамои Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст. Дар рӯйхати 10 кишвари поймолкунандагони озодиҳои динӣ мисли пешина дар қатори Тоҷикистон Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон зикр шудаанд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи “поймолкунии ҳуқуқҳои динии […]

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи поймолкунандагони озодии дину эътиқод чораҷӯӣ мекунад, гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар торнамои Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст.

Дар рӯйхати 10 кишвари поймолкунандагони озодиҳои динӣ мисли пешина дар қатори Тоҷикистон Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Нигерия, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон зикр шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи “поймолкунии ҳуқуқҳои динии доимӣ, идомадошта ва тоқатнопазир” ин кишварҳо боиси нигаронии ҷиддии Департаменти давлатӣ мебошанд.

Ҷазираҳои Комор, Куба, Никарагуа ва Русия, ки мувофиқи арзёбии Вазорати умури хориҷаи ИМА ба “поймолкунии ҷиддии озодиҳои динӣ” роҳ додаанд ё роҳ медиҳанд, дар рӯйхати мазкур зикр шудаанд.

Ғайр аз ин, дар мавриди риоя нашудани ҳуқуқҳои динӣ аз ҷониби ташкилотҳое чун”Ал-Шабоб”, “Ал-Қоида”, “Боко Ҳарам”, “Хайят Таҳрир аш-Шам”, Хуситҳо, ДОИШ ва воҳидҳои он дар Африқо, Ҷамоати Наср ал-ислом вал-Муслимин ва Толибон низ изҳори нигаронӣ мешавад.

Судон ва Ӯзбекистон “бар асоси пешравии назаррасу мушаххаси ҳукуматҳояшон тайи соли охир” аз рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқҳои динӣ хориҷ шуданд.

Зикр мегардад, ки ислоҳоти дар ин кишвар суратгирифта барои дигар кишварҳо намунаи ибрат шуда метавонанд. Дар изҳорот илова мешавад, ки ИМА минбаъд низ баҳри хотима бахшидан ба суистифода ва таъқибот аз рӯйи аломатҳои динӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.