Иштироки 10 ҳазор нафар дар назарпурсии Кумитаи дин

Кумитаи дин ва ҷашну маросимҳо тӯли се рӯз пурсишеро оид ба Қонуни ҶТ “Дар бораи тартиби танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” байни сокинони шаҳри Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва  ноҳияи Рӯдакиву Шаҳринав  гузаронидааст, ки дар он бе аз 10 ҳазор нафар иштирок кардаанд.  Дар ин бора котиби матбуотии шӯъба Афшин Муқим ба “Азия-Плюс” хабар дод. «Ҳадафи […]

Кумитаи дин ва ҷашну маросимҳо тӯли се рӯз пурсишеро оид ба Қонуни ҶТ “Дар бораи тартиби танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” байни сокинони шаҳри Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва  ноҳияи Рӯдакиву Шаҳринав  гузаронидааст, ки дар он бе аз 10 ҳазор нафар иштирок кардаанд.  Дар ин бора котиби матбуотии шӯъба Афшин Муқим ба “Азия-Плюс” хабар дод.

«Ҳадафи пурсиш муайян кардани он аст, ки сокинон нисбат ба қонун дар бораи маросимҳо чӣ гуна муносибат доранд ва оё онҳо бо амалҳои мақомот, бахусус мақомоти маҳаллӣ розӣ ҳастанд ё не. Мо натиҷаи пурсишро ҷамъбаст намуда, мардумро огоҳ хоҳем кард », – гуфт Афшин Муқим.

Намояндаи Кумитаи дин қайд кард, ки имсол пурсишнома 11 саволро дар бар гирифт, ки дар он тақрибан 10 ҳазор нафар иштирок намуд.

Ба гуфтаи ӯ, чунин таҳқиқот тақрибан ҳамасола гузаронида мешавад ва натиҷаи ин пурсиш охири ҳафта ҷамбаст мегардад.

Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо" 7 июни соли 2007 қабул шудааст.

Мақсади қонуни мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ  ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ мебошад.

Моддаи 481 Кодекси маъмурии ҶТ барои вайрон кардани ин қонуни мазкур муҷозот муқаррар кардааст. Барои вайрон намудани талаботи қонунгузории ҶТ дар бораи соддагардонии расму оинҳо, ҷашну маросимҳо ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи сад (5000 сомонӣ), шахсони мансабдор – панҷсад (25000), шахсони ҳуқуқӣ – ҳафтсад (35000) нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дағалона ва ё такроран вайрон кардани тартиби гузаронидани анъана, ҷашну маросим боиси ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи 600, шахсони мансабдор – 800 ва шахсони ҳуқуқӣ – 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.