Пешниҳоди рӯйхати дақиқи ҷавонони пойтахт ба комиссариатҳо

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои марбутаи дастгоҳи раиси шаҳр дастур дод, ки аллакай аз ҳозир ба маъркаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ омодагиро оғоз намоянд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе то 10 марти соли оянда ба дақиқ муайян кардани шумори ҷавонони синнусоли муносиб ба даъвати ҳарбӣ уҳдадор карда мешавад.

Ба раисони маҳаллаҳои шаҳр супориш дода мешавад, ки рӯйхати дақиқи шаҳрвандони синну соли даъватиро омода ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод кунанд.

Сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ вазифадор шуданд, ки то оғози маъракаи даъвати баҳорӣ, ки 1 апрели соли 2021 оғоз мегардад, барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, нисбати даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон, супориш дода шуд, ки баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс” дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, пайдарпай соли чорум инҷониб шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонад.

Манбаъ зикр кард, ки иҷрои нақшаи даъват пеш аз муҳлат гувоҳи он аст, ки “тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар шаҳр мутобиқи дастуру ҳидоятҳои президенти Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...