Боздошти ҷавонон дар Душанбе барои фурӯши “хлопушка”

Date:

Чанд рӯзи охир кормандони милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат аз сокинони Душанбе 350 ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка)-ро дарёфту мусодира намуданд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе аз ду сокини 20-сола ва як сокини 18-солаи пойтахт зиёда аз 20,500 ҳазор маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира шуд.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



«Баъзе аз ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии волидони худ истифода бурда, ба харидану истифодабарии маводҳои пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғул мешаванд, – омадааст дар хабари Раёсат. – Барои истифодабарии воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд», – гуфта шудааст дар хабар.

Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 (Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...