Боздошти ҷавонон дар Душанбе барои фурӯши “хлопушка”

Чанд рӯзи охир кормандони милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат аз сокинони Душанбе 350 ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка)-ро дарёфту мусодира намуданд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе аз ду сокини 20-сола ва як сокини 18-солаи пойтахт зиёда аз 20,500 ҳазор маводи тарфгарӣ […]

Чанд рӯзи охир кормандони милитсияи пойтахт дар 12 ҳолат аз сокинони Душанбе 350 ҳазор дона маводҳои тарфгарӣ (хлопушка)-ро дарёфту мусодира намуданд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе аз ду сокини 20-сола ва як сокини 18-солаи пойтахт зиёда аз 20,500 ҳазор маводи тарфгарӣ дарёфту мусодира шуд.

«Баъзе аз ноболиғон аз фориғболӣ ва беаҳамиятии волидони худ истифода бурда, ба харидану истифодабарии маводҳои пиротехникӣ дар кӯчаву назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе машғул мешаванд, – омадааст дар хабари Раёсат. – Барои истифодабарии воситаҳои тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба волидайни онҳо тибқи талаботи моддаи 90-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ тартиб дода шуда, чораҳои дахлдори таъсиррасони қонунӣ андешида мешаванд», – гуфта шудааст дар хабар.

Айни замон нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон барои муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) тибқи талаботи моддаи 199 (Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.