Ҳавопаймоҳои дар Хуҷанд фурудомада ба Душанбе парвоз карданд

Ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр", ки ба далели туман бар фарози Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дода буданд, дубора ба Душанбе парвоз карданд.  Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" Ҳалим Ҷӯраев аз фурудгоҳи Хуҷанд хабар дод. Ба иттилои хабарнигори мо ҳар се ҳавопаймо аз соати 12.20 то 12.50 ба Душанбе парвоз карданд.  Ин се ҳавопаймои […]

Ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр", ки ба далели туман бар фарози Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дода буданд, дубора ба Душанбе парвоз карданд. 

Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" Ҳалим Ҷӯраев аз фурудгоҳи Хуҷанд хабар дод. Ба иттилои хабарнигори мо ҳар се ҳавопаймо аз соати 12.20 то 12.50 ба Душанбе парвоз карданд. 

Ин се ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр буданд, ки аз хатсайрҳои Новосибирск-Душанбе, Маскав-Душанбе ва Сургут-Душанбе бояд ба Душанбе мерасиданд. Ба иттилои манбаъи мо, дар ҳар се ҳавопаймо 489 мусофир қарор дошт.

Хатсайри Новосибирск-Душанбе соати 3:40, Маскав-Душанбе 6:28 ва Сургут-Душанбе соати 7:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом додаанд.

Айни замон миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд. “Сомон эйр” ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия панҷ парвоз ба Душанбе анҷом медиҳад. Ду ширкати Русия “Уралские авиалинии” ва “Ют Эйр” аз Тоҷикистон ба Русия мусофир мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.