Нишасти изтирории 3 ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар Хуҷанд

Бар асари тумани ғализ, ки шабона шаҳри Душанберо фаро гирифт, 3 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки бо хатсайрҳои Новосибирск-Душанбе, Москва – Душанбе ва Сургут – Душанбе парвоз анҷом медоданд, таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастанд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов хабар дод, ҳавопаймои аввали хатсайри Новосибирск – Душанбе соати 03:35 дақиқа […]

Бар асари тумани ғализ, ки шабона шаҳри Душанберо фаро гирифт, 3 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр”, ки бо хатсайрҳои Новосибирск-Душанбе, Москва – Душанбе ва Сургут – Душанбе парвоз анҷом медоданд, таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии фурудгоҳи Хуҷанд Юсуф Маюсуфов хабар дод, ҳавопаймои аввали хатсайри Новосибирск – Душанбе соати 03:35 дақиқа ба майдони ҳавоӣ фуруд омадааст.

“Бар асари обуҳавои номусоид ва биноии начандон хуб дар хатҳои нишасти фурудгоҳи Душанбе, ҳавопаймоҳои хатсайри Москва-Душанбе (№234) соати 06:32 ва Сургут-Душанбе (№8260) соати 07:07-и субҳ дар Хуҷанд фуруд омаданд”, – хабар доданд дар фурудгоҳ.

Маюсуфов қайд кард, ки ҳамаи мусофирон дар дохили ҳавопаймо мебошанд.

“Аз ҳавопаймо баромадан дар Хуҷанд ба мусофирон манъ аст, зеро ин хатсайри байнулмилалӣ мебошад. Дохили ҳавопаймо гарм буда, ба мусофирон чойу қаҳва пешниҳод шуд. Аз фурудгоҳи Душанбе маълумот интизорем ва чун онҳо хабар диҳанд, ки ба қабули ҳавопаймоҳо омодаанд, ҳавопаймоҳо ба самти Душанбе парвоз мекунанд”, – илова кард котиби матбуотии фурудгоҳ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.