ВКД сару садоҳои нав шудани шиносномаҳоро рад кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи иваз шудани шиносномаҳоро дар соли 2021 беасос хонд. Зумрад Абдуллозода, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо асос надоранд. Зумрад Абдуллозода рӯзи 15-уми декабр ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо воқеӣ нестанд. "Ин гуна ният нест. Дар […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи иваз шудани шиносномаҳоро дар соли 2021 беасос хонд. Зумрад Абдуллозода, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо асос надоранд.

Зумрад Абдуллозода рӯзи 15-уми декабр ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ин сару садоҳо воқеӣ нестанд.

"Ин гуна ният нест. Дар мо ҳоло танҳо иваз кардани шиносномаҳои шаҳрвандии намунаи соли 1996 ба шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 (IC-корти идентификатсионӣ) рафта истодаасту халос",-мегӯяд ин масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД.

Сару садоҳои иваз шудани шиноснома чанд вақти ахир аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад. Аз ҷумла яке аз хонандаҳои "Азия-Плюс" бо мо тамос гирифтаву гуфт, ки "гуфта мешавад дар Тоҷикистон соли 2021 шиносномаҳо иваз мешаванд ва шиносномаи шаҳрвандиву шиносномаи хориҷӣ яке мешаванд". 

Ин хонанда ҳамчунин гуфт, ки яке аз наздиконашон дар яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекунад ва ин нуктаро ӯ гуфтааст. 

Дар Тоҷикистон баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ се бор шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ду бор шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ тағйир ёфтааст. 

Аз соли 2014 ба ин сӯ намунаи нави шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё IC-корти идентификатсионӣ ҷорӣ шуд, ки тибқи иттилои ВКД то моҳи сентябри имсол 3 млн. 512 ҳазору 718 нафар онро гирифтаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.