Бозиҳои рафиқонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Эрон дар Душанбе

Date:

Аз 23 то 27-уми декабр дар Душанбе миёни дастаҳои  мунтахаби футболи наврасон (U-16)  ва ҷавонони (U-19)-и Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон бозиҳои рафиқона баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ин бозиҳои рафиқона дар доираи омодагӣ ба чемпионатҳои Осиё, ки соли оянда баргузор мешаванд, доир мегардад.

Инчунин гуфта мешавад, ки дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Эрон тавассути хатсайри махсуси ҳавоӣ ҳафтаи оянда ба Душанбе меоянд.

«Рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар Душанбе бозиҳои рафиқона миёни мунтахабҳои наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Эрон сурат мегирад. Рӯзҳои 24 ва 27 декабр бошад, вохӯрии дӯстонаи тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи ду кишвар доир мегардад», – қайд мешавад дар хабари Кумита.

Ёдрас мекунем, ки тимҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон соли оянда дар чемпионати Осиё, ки мутаносибан дар Баҳрайн ва Узбекистон баргузор мешаванд, иштирок мекунандд. Дар Чемпионат миёни наврасон дар Баҳрайн тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Уммон, Яман ва АМА бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби ҷавононамон бошад, дар Ӯзбекистон дар гурӯҳи «D» бо тимҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат мекунад.

Бозиҳои рафиқона

23 декабр (чоршанбе) 

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)

24 декабр (панҷшанбе)

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

26 декабр (шанбе)

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)

27 декабр (якшанбе)

Оғоз – 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...