Коршиносони “диванӣ” кистанд?

Коршиносони “диванӣ” нафаронеанд, ки худро ҳамадон мегиранд. Фикр мекунанд, ки зирактарин шахс буда, саводи кофӣ ва дарки мавзӯи баҳсшавандаро соҳибанд. Дар асл онҳо аз мавзуи баҳсшаванда фарсахҳо дуранд. Ба ибораи дигар, онҳоро метавон нафарони камсавод ва ё бесавод гуфт. Нишонаҳои асосӣ: 1. Бовари комил ба ҳақ будани худ ва ҳамзамон доштани эътимод, ки нафари дигар […]

"Се нуқта"

Коршиносони “диванӣ” нафаронеанд, ки худро ҳамадон мегиранд. Фикр мекунанд, ки зирактарин шахс буда, саводи кофӣ ва дарки мавзӯи баҳсшавандаро соҳибанд. Дар асл онҳо аз мавзуи баҳсшаванда фарсахҳо дуранд. Ба ибораи дигар, онҳоро метавон нафарони камсавод ва ё бесавод гуфт.

Нишонаҳои асосӣ:

1. Бовари комил ба ҳақ будани худ ва ҳамзамон доштани эътимод, ки нафари дигар хато мекунанд.

2. Ҳама далелҳои овардаи шахсони дигарро рад мекунанд ва танҳо ба далелҳои худ бовар доранд.

3. Ин гуна "коршинос" бо истифода аз Интернет далелҳои баҳсбарангез (аз ҷумла носанҷида) меорад ва танҳо дар асоси онҳо мавқеи худро муайяну мустаҳкам менамояд.

4. Онҳо мутмаинанд, ки аз телевизор наметавон ягон маълумоти кофиро дарёфт кард.

5. Радио ва рӯзномаҳо ҳама дуруғ менависанд.

6. Онҳо доимо дар ҳолати норозигӣ қарор доранд.

7. Мавзӯъҳои дӯстдоштаи коршиноси “диванӣ” инҳоянд: сиёсат, дин ва ҳама гуна рӯйдодҳо.

Либерализм ва коршиноси “диванӣ” ду мафҳуми ҷудонашаванда мебошанд. Ҷойгоҳи мутахассисони “диванӣ” интернет мебошад.

Коршиносони “диванӣ” аксар вақт чунин мешуморанд, ки ВАО-и мустақил аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд. 

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.