Дар Соли нав тоҷикистониён 3 рӯз пайи ҳам истироҳат мекунанд

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Соли нав 3 рӯз пай дар пай истироҳат мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон. Ба гуфтаи манбаъ, бо назардошти рӯзҳои истироҳати шанбе (2 январ) ва якшанбе (3 январ) имсол барои тоҷикистониён 3 рӯз истироҳат мешавад. Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 2 ва 3 январ рӯзҳои истироҳати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Соли нав 3 рӯз пай дар пай истироҳат мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, бо назардошти рӯзҳои истироҳати шанбе (2 январ) ва якшанбе (3 январ) имсол барои тоҷикистониён 3 рӯз истироҳат мешавад.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 2 ва 3 январ рӯзҳои истироҳати тақвимӣ буда, 1 январ рӯзи аввали Соли нави мелодӣ мебошад ва ба рӯзи ҷумъа рост меояд. Мувофиқи меъёрҳои қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ин рӯз ҳам истироҳат мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад. Ба баргузории зиёфатҳои солинавии ҳамкорон низ иҷоза дода намешавад.

Мувофиқи қарори Ситод, ба сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷоза дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.