Русия барои содироти ғалладона квота ҷорӣ мекунад. Тоҷикистон набояд нигарон бошад

Русия аз 15 феврал то 1 июли соли 2021 барои содироти зироати ғалладона ба кишварҳое, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) нестанд, квота ҷорӣ намуд. Ҳукумати Русия дар ин бора қарори дахлдор қабул кард. Дар ин санад дар бораи содироти гандуму меслин (омехтаи гандуму ҷавдор), ҷавдор, ҷав ва ҷуворимакка сухан меравад. Квота аз ҷониби […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Русия аз 15 феврал то 1 июли соли 2021 барои содироти зироати ғалладона ба кишварҳое, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) нестанд, квота ҷорӣ намуд. Ҳукумати Русия дар ин бора қарори дахлдор қабул кард.

Дар ин санад дар бораи содироти гандуму меслин (омехтаи гандуму ҷавдор), ҷавдор, ҷав ва ҷуворимакка сухан меравад.

Квота аз ҷониби Вазорати кишоварзии Русия аз 1 то 9 феврали соли 2021 байни кишварҳои воридкунандаи зироати ғалладона аз Русия тақсим мешавад.

Квота ба кишварҳои узви ИИАО, ҳамчунин ба кумаки башардӯстонае, ки аз ҷониби ин кишвар ба хориҷа расонида мешавад, дахл надорад.

Қабули қарори мазкур ба эътидол овардани арзиши орду нон дар худи Русия маънидод мешавад.

Санад дар доираи бастаи тадбирҳои ҳукумат дар муқобили гароншавии маҳсулоти хӯрокворӣ қабул шудааст.

Кабули чунин тадбирҳо ба Тоҷикистон таъсири назаррасе нахоҳад дошт, зеро гандуме, ки аз Русия ба ҷумҳурӣ ворид мешавад, ҳатто 5%-ро дар ҳаҷми умумии воридоти ин навъи зироат ташкил намедиҳад.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар зарфи 11 моҳи ҳамин сол Тоҷикистон барои истеҳсоли орд дар дохили кишвар 875 ҳазор тонна гандум ворид кардааст, ки беш аз 90% дар ҳаҷми умумии воридоти он ба Қазоқистон рост меояд.

Ҳарчанд дар муқоиса бо давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум 8,8% кам шуда бошад ҳам, ҳаҷми гандуми воридшуда зиёда аз 10 баробар бештар аз ҳаҷми воридоти орд аст.

Аз оғози сол ба Тоҷикистон 87 ҳазор тонна орд ворид карда шудааст, ки нисбат ба 11 моҳи соли 2019 ба андозаи 18% зиёдтар мебошад.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба орд ҳудуди 1 млн тонна арзёбӣ мешавад.

Дар робита ба болоравии арзиши гандуму орд дар кишварҳои содиркунанда мутаносибан ба андозаи 10,2% ва 24,8%, тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, нархи орди навъи якум аз оғози соли ҷорӣ 20,6% боло рафтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.