Аввалин пирӯзии Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи бокси касбӣ

Муштзани муваффақи тоҷик, дорандаи роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ба аввалин пирӯзӣ дар мусобиқаи бокси касбӣ ноил гардид. Дирӯз, 24 декабр ӯ дар мусобиқаи Shamo Boxing Promotions дар Маскав дар вазни сабук (61,23 кг) бар ҳарифаш аз Русия Вилдан Минасов(4-0, 3 КО) дастболо шуд. Қувваозмоӣ байни муштзанон 6 раунд давом карда, Баҳодур Усмонов […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Муштзани муваффақи тоҷик, дорандаи роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ба аввалин пирӯзӣ дар мусобиқаи бокси касбӣ ноил гардид.

Дирӯз, 24 декабр ӯ дар мусобиқаи Shamo Boxing Promotions дар Маскав дар вазни сабук (61,23 кг) бар ҳарифаш аз Русия Вилдан Минасов(4-0, 3 КО) дастболо шуд.

Қувваозмоӣ байни муштзанон 6 раунд давом карда, Баҳодур Усмонов аз рӯйи имтиёзҳо ғолиб дониста шуд.

Шореҳони қувваозмоӣ қайд карданд, ки дар аввали қувваозмоӣ Баҳодур Усмонов дар нокдаун қарор гирифта, хеле зуд ба худ омад ва дар идома нисбат ба ҳарифи пртаҷрибаи худ иродаи қавӣ зоҳир намуда, имтиёзи бештар ба даст овард.

https://www.youtube.com/watch?v=a6K1QtUwUMM

Баҳодур Усмонов қаҳрамони амалкунандаи Осиё оид ба бокс байни ҳаваскорон (дӯстдорон) аст. Имсол ӯ ба дарёфти роҳхат ба Олимпиада ноил гардида, беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шуд.

Баҳодур тасмим гирифт, ки дар бокси касбӣ низ қувваозмоӣ мекунад, зеро тибқи қоидаҳои нав, ин барои иштироки ӯ дар Олимпиадаи Токио дар мусобиқаи бокси ҳаваскорӣ монеъа эҷод намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.