Донишҷӯёни хориҷии макотиби олии Русия дипломҳояшонро фосилавӣ ҳимоя карда метавонанд

Донишҷӯёни хориҷии мактабҳои олии Русия, ки имкони вуруд ба ин қаламравро надоранд, дипломҳояшонро фосилавӣ ҳимоя карда метавонанд, лекин ба гумон аст, ки ин кор оммавӣ шавад, чунин мешуморад вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад. “Дар мо на донишҷӯёне, ки диплом ҳимоя мекунанд, бештар осеб диданд, […]

Asia-Plus

Донишҷӯёни хориҷии мактабҳои олии Русия, ки имкони вуруд ба ин қаламравро надоранд, дипломҳояшонро фосилавӣ ҳимоя карда метавонанд, лекин ба гумон аст, ки ин кор оммавӣ шавад, чунин мешуморад вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад.

“Дар мо на донишҷӯёне, ки диплом ҳимоя мекунанд, бештар осеб диданд, балки донишҷӯёни соли аввал бештар ба мушкилиҳо дучор шуданд. Ба фикрам, ҷое ин имконпазир хоҳад буд, ҳарчанд набояд падидаи оммавӣ шавад. Вобаста ба вазъ сари қароре меоем”, – изҳор доштааст Фалков ба рӯзноманигорон.

Ӯ қайд кард, ки раҳбарияти мактабҳои олиро лозим аст, ки ба мушкили донишҷӯёне, ки имсол бештар бар асари ин вазъ душворӣ кашиданду аз бисёр машғулиятҳо қафо монданд, расидагӣ кунанд.

Ба сифати яке аз тарзҳои кор бо донишҷӯёни хориҷӣ гузаштан ба нақшаҳои инфиродии таълимӣ ва дар сурати қарзҳои зиёд ва имкон надоштан ба иштирок дар давраи имтиҳонсупорӣ (сессия) рухсатии академӣ донистани ин давра баррасӣ мешавад.

Аввали моҳи декабр сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъи марбут ба донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии ин кишвар таҳсил карда, барои таҳсил бо сабабҳои маълум ба Русия рафта натавонистанд, шарҳ дод.

Бино ба маълумоти сафорат, Вазорати маорифи Русия оид ба ташкили самараноки таҳсили фосилавӣ тавсияҳо дода, инчунин ваъда дод, ки ҷойҳои буҷетӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки ба Русия рафта наметавонанд ва бо сабаби сифати начандон хуби алоқа душворӣ доранд, нигоҳ дошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.