Се кишвари аврупоӣ: “Эрон ин корро накун”

Date:

Се кишвари пурнуфузи аврупоӣ Бритониё ва Олмону Фаронса аз  Эрон хостаанд, ки аз иқдомаш барои аз сар гирифтани ғанисозии ураниуми ғализи 20 дарсадӣ даст кашад. Эрон ин иқдомашро 4-уми январ эълон карда буд.

Ин кишварҳо гуфтаанд, ки ин кори Эрон “як таҳаввули манфии ҷиддӣ” ва нақзи созиши атомии соли 2015 аст.

Ҳарсе кишвари узви созиши атомӣ дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 6-уми январ гуфтанд: “Ин амал, ки ваҷҳи возеҳ надорад ва бар хилофи аҳдҳои Эрон аст, созишро ҳарчӣ бештар мешиканад.”

Ҳукумати Эрон рӯзи 4-уми январ гуфт, дар реактори атомии Фордо ба ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ оғоз кардааст. Чунин амалкарди Теҳрон талошҳо барои ҳифзи созиши атомӣ бо Эронро мушкил мекунад, бо вуҷуди онки пирӯзии Ҷо Байден умед барои бозгашти Амрико ба созишро бештар кардааст.

Доналд Трамп соли 2018 Амрикоро аз созиши атомии Эрон бо панҷ қудрати ҷаҳонӣ, ки бо номи Барҷом маъруф шуд, берун кард ва таҳримот ба зидди Теҳронро баргардонд. Бар асоси ин созиш, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд сохт ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...