Тағйироти башардӯстонаи қонунҳо дар Маҷлиси миллӣ баҳс мешавад

Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 25 январ доир мегардад, тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулгардида баррасӣ мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ. Аз ҷумла, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд, ки бо мақсади бештар башардӯстона […]

Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 25 январ доир мегардад, тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулгардида баррасӣ мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд, ки бо мақсади бештар башардӯстона гардидани қонунҳои кишвар қабул карда мешаванд.

Дар тағйироту иловаҳо ҷорӣ гардидани ҷазои маъмурӣ ба амалҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, низоъи миллӣ ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 60 сомонӣ) ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Қаблан барои ин амал ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.

Дар ҳамин ҳол, агар шахсоне, ки барои амалҳои дар боло зикршуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошанду дар муддати як соли пас аз ҷазо гирифтан такроран онҳоро содир намоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ” низ баррасӣ мекунанд.

Тағйироти мазкур ба Вазорати молия дар таҳияи Кодекси рафтори аудиторон ва Меъёрҳои баргузории аудит дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд.

Тағйирот инчунин ба ҳукумати Тоҷикистон дар таҳия ва тасдиқи тартиби ташкил ва барҳамдиҳии ширкатҳои аудиторӣ ҳуқуқ медиҳад.

Ҳамчунин интизорӣ меравад, ки прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи риояи қонуният дар ҷумҳурӣ назди аъзои Маҷлиси миллӣ гузориш медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.