Се кишвари аврупоӣ: “Эрон ин корро накун”

Се кишвари пурнуфузи аврупоӣ Бритониё ва Олмону Фаронса аз  Эрон хостаанд, ки аз иқдомаш барои аз сар гирифтани ғанисозии ураниуми ғализи 20 дарсадӣ даст кашад. Эрон ин иқдомашро 4-уми январ эълон карда буд. Ин кишварҳо гуфтаанд, ки ин кори Эрон “як таҳаввули манфии ҷиддӣ” ва нақзи созиши атомии соли 2015 аст. Ҳарсе кишвари узви созиши атомӣ […]

Се кишвари пурнуфузи аврупоӣ Бритониё ва Олмону Фаронса аз  Эрон хостаанд, ки аз иқдомаш барои аз сар гирифтани ғанисозии ураниуми ғализи 20 дарсадӣ даст кашад. Эрон ин иқдомашро 4-уми январ эълон карда буд.

Ин кишварҳо гуфтаанд, ки ин кори Эрон “як таҳаввули манфии ҷиддӣ” ва нақзи созиши атомии соли 2015 аст.

Ҳарсе кишвари узви созиши атомӣ дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 6-уми январ гуфтанд: “Ин амал, ки ваҷҳи возеҳ надорад ва бар хилофи аҳдҳои Эрон аст, созишро ҳарчӣ бештар мешиканад.”

Ҳукумати Эрон рӯзи 4-уми январ гуфт, дар реактори атомии Фордо ба ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ оғоз кардааст. Чунин амалкарди Теҳрон талошҳо барои ҳифзи созиши атомӣ бо Эронро мушкил мекунад, бо вуҷуди онки пирӯзии Ҷо Байден умед барои бозгашти Амрико ба созишро бештар кардааст.

Доналд Трамп соли 2018 Амрикоро аз созиши атомии Эрон бо панҷ қудрати ҷаҳонӣ, ки бо номи Барҷом маъруф шуд, берун кард ва таҳримот ба зидди Теҳронро баргардонд. Бар асоси ин созиш, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд сохт ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.