Пулиси Душанбе: “қаҳрамонҳо”-и навори “занакҷанг”-ро маълум кард

Пулиси Душанбе шахсияти чанд занеро, ки дар як навори видеоӣ ба ҳам дарафтода буданду дар нимашабе дар яке аз хиёбонҳо ҷанг мекарданд, маълум кардааст. Ин навор аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ забт шуда дар шабакаҳо сару садоҳоро ба бор оварда буд.  РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки  корҳои ҷустуҷӯйии онҳо маълум кардааст, ки ҳодисаи мазкур […]

Пулиси Душанбе шахсияти чанд занеро, ки дар як навори видеоӣ ба ҳам дарафтода буданду дар нимашабе дар яке аз хиёбонҳо ҷанг мекарданд, маълум кардааст. Ин навор аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ забт шуда дар шабакаҳо сару садоҳоро ба бор оварда буд. 

РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки  корҳои ҷустуҷӯйии онҳо маълум кардааст, ки ҳодисаи мазкур дар назди тарабхонаи «Самира» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сар задааст. Пулиси Душанбе ин ҳодисаро ҷинояти авбошӣ номида гуфтааст, ки "ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандони зерин дастгир шудаанд":

Қарахонова Зарина Файзиддиновнаи 24-сола сокини шаҳри Душанбе,  Фирӯзаи Маҳмадмусои 22-сола ва Тағойбекова Тожиниссо Намозовнаи 24-сола сокинони ноҳияи Рӯдакӣ.

Ба навиштаи РАВКД Душанбе "зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 25-уми декабри соли 2020 тахминан соати 02:00 дақиқа ҳангоми дар маҳаллаи Гипрозем қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, шаҳрванд Шукронаи Азизулло санаи таваллудаш 09.08.2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Деҳотиро мавриди латукуб қарор додаанд".

Бино ба иттилои дарёфтӣ нисбат ба ин сенафари боздоштшуда бар асоси моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Пулис дар ин навиштааш аз бетаваҷҷуҳии мардум роҳгузар ҳангоми сар задани ҳодисаи мазкур изҳори нигаронӣ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.