Истиқболи Тоҷикистон аз қатъи муҳосираи дипломатии Қатар

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои нишасти 41-уми Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, ки 5 январи 2021 дар ал-Уло, Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор шуд, истиқбол мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ин робита. Иштирокчиёни нишаст дар бораи оштишавӣ бо Давлати Қатар созишнома ба имзо расониданд. Дар қарордод оид ба хотимаи буҳрони дипломатӣ дар […]

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои нишасти 41-уми Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ, ки 5 январи 2021 дар ал-Уло, Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор шуд, истиқбол мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар ин робита.

Иштирокчиёни нишаст дар бораи оштишавӣ бо Давлати Қатар созишнома ба имзо расониданд.

Дар қарордод оид ба хотимаи буҳрони дипломатӣ дар Ховари Миёна, ки вобаста ба макони имзояш “Изҳороти Ал-Уло” ном гирифт, бекор шудани муҳосира нисбати Қатар, инчунин ифтитоҳи сарҳадҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ бо ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Ба созишнома Баҳрайн, АМА, Қатар, Кувейт, Уммон, Арабистони Саудӣ ҳамроҳ шуданд. Ба ҷуз кишварҳои Халиҷи Форс, Миср ҳам ба барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ бо Давҳа розигии усулӣ дод.

Дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон таъкид мешавад, ки Тоҷикистон ба имзо расидани Баёнияи ал-Уло байни Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Давлати Кувайт, Подшоҳии Баҳрайн, Салтанати Умон, Ҷумҳурии Арабии Миср ва Давлати Қатарро иқдоми шоиста дар роҳи барқарор сохтани муносибатҳо ва таҳкими амну субот ва шукуфоӣ дар минтақа мешуморад.

Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд изҳор доштааст, ки қарори мазкур ба кишварҳои арабӣ имкон медиҳад, ки муносибатҳои дипломатиро бо Қатар барқарор созанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб эълом доштанд, ки муносибатҳои дипломатиашонро бо Қатар қатъ мекунанд. Намояндагони ин кишварҳо Давҳаро дар ташаннуҷи вазъи сиёсии дохилӣ дар кишварҳои арабӣ, инчунин дастгирии созмонҳои террористӣ айбдор карданд. Баъдан ба ин таҳрим Яман, Либия, Малдив, Маврикия, Мавритания ва Иттифоқи Ҷазираҳои Комор пайвастанд.

Ҳукуматдорони Қатар ҳамаи иттиҳомро рад намуда, муҳосираро суиқасд ба соҳибистиқлолӣ номида буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.