Навсозии пули “Путовский”-и Душанбе ба таъхир афтод

Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгардро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда буданд. Лекин тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт хабар доданд, дар робита ба буҳрони соли гузашта корҳои таъмиру […]

Asia-Plus

Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгардро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда буданд.

Лекин тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт хабар доданд, дар робита ба буҳрони соли гузашта корҳои таъмиру навсозӣ боздошта шудаанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019 таҳия шудааст.

– Лоиҳа дар давраи то буҳрон, замоне, ки таъмиру навсозии ҳамаи пулҳо дар пойтахт оғоз гардид, таҳия шуд, – шарҳ доданд дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ. – Бо назардошти он ки пул хеле бузург ва 2-то аст, буҷеташ ҳам бояд ба он мувофиқ бошад. Гузашта аз ин, пул тариқи яке аз хиёбонҳои асосии шаҳр мегузарад, ки ин ҳам андешидани тадбирҳои дахлдорро тақозо мекунад. Бар асари буҳрони соли 2020 татбиқи лоиҳа боздошта шуда, дар давраи нисбатан мусоид барқарор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.