Як падари тоҷик бо ду писараш аз Литва хостори паноҳандагӣ шудаанд

Се нафар тоҷикистониён ғайриқонунӣ марзи Литваро аз самти Беларус убур намуда, сипас баъди боздошт аз ҳукумати Литва мақоми паноҳандагӣ дархост намуданд, хабар медиҳад Хадамоти посбонии сарҳади давлатӣ (VSAT)-и Ҷумҳурии Литва. Гуфта мешавад, сарҳадбонони Литва мушоҳида кардаанд, ки чӣ тавр дар мавзеи ҷангали як деҳа се нафар марзро ғайриқонунӣ гузашта, ба дохили кишвар равона шудаанд. “Онҳоро […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Се нафар тоҷикистониён ғайриқонунӣ марзи Литваро аз самти Беларус убур намуда, сипас баъди боздошт аз ҳукумати Литва мақоми паноҳандагӣ дархост намуданд, хабар медиҳад Хадамоти посбонии сарҳади давлатӣ (VSAT)-и Ҷумҳурии Литва.

Гуфта мешавад, сарҳадбонони Литва мушоҳида кардаанд, ки чӣ тавр дар мавзеи ҷангали як деҳа се нафар марзро ғайриқонунӣ гузашта, ба дохили кишвар равона шудаанд.

“Онҳоро дар деҳаи Даугидоняйи ноҳияи Шалчининкайск боздошт намуданд. Мард ва ду наврас каме бо забони русӣ гап мезаданд. Онҳо худро шаҳрвандони Тоҷикистон, падару писарон муаррифӣ карданд. Онҳо нусхаи шиносномаи кишвари худро доранд”, – қайд мешавад дар сомона.

Тибқи маълумоти Хадамоти мазкур, пас аз боздошт “хориҷиён мақоми гуреза доданро хоҳиш карданд”.

Сарҳадбонон онҳоро ба постгоҳи назоратии «Шальчининкай» овардааанд, ки дар он ҳуҷраҳои махсус барои дархосткунандагони мақоми гуреза вуҷуд дорад.

Зикр мегардад, ки афсарони шуъбаи муҳоҷирати Хадамоти марзбонӣ VSAT-и Варена ба анҷоми расмиёти аввалия оид ба пешниҳди мақоми паноҳандагӣ оғоз кардаанд. Дар ин бора Департаменти муҳоҷират хабар медиҳад, ки ба баррасии аризаҳо дар бораи додани мақоми паноҳандагӣ машғул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.