“Лимит” дар Суғд: “шабона риоя мешаваду рӯзона кам-кам мекушанд”

Дар биноҳои баландошёнаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд  интиқоли барқ маҳдуд карда намешавад, мегӯяд як манбаъ аз Шабакаҳои барқии Суғд  ба “Азия-плюс”. Аммо бархе сокинон мегӯянд, ки рӯзона дар бархе ҷойҳо барои як соату ду соат интиқоли барқро қатъ мекунанд.  Ин манбаъ мегӯяд, ки биноҳои  баландошёна дар шимоли кишвар асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон (Қайроққум) ва  Бӯстон (Чкаловск) ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Дар биноҳои баландошёнаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд  интиқоли барқ маҳдуд карда намешавад, мегӯяд як манбаъ аз Шабакаҳои барқии Суғд  ба “Азия-плюс”. Аммо бархе сокинон мегӯянд, ки рӯзона дар бархе ҷойҳо барои як соату ду соат интиқоли барқро қатъ мекунанд. 

Ин манбаъ мегӯяд, ки биноҳои  баландошёна дар шимоли кишвар асосан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон (Қайроққум) ва  Бӯстон (Чкаловск) ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои дигар мавҷуданд, ки сокинони зиёде ҳам дар онҳо ба сар мебаранд. Масъулини шабакаҳои барқи Суғд мегӯянд, ки сарфи назар аз ҷорӣ шудани маҳдудият онҳо бо барқ таъмин ҳастанд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ғайр аз он ҷойҳое ки биноҳои баланошёна доранд,  тибқи реҷаи муқараргардидаи ширкати “Барқи тоҷик”  ба аҳолӣ  барқ  дода мешавад, яъне аз соати 23-00 шаб то соати 6-00 субҳ интиқоли қувваи барқ  қатъ мегардад.

Дар ҳамин ҳол сокинони вилоят аз он шикоят мекунанд, ки баъзан рӯзона ҳам барои як соату ду соат барқро хомӯш мекунанд. 

Ҷамшед як сокини шаҳри Истаравшан, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ мекунад, имрӯз гуфт, пас аз эълони муроҷиатномаи “Барқи тоҷик ”  рӯзона барқ  доштем. Аммо, имрӯз аз соати 9-и субҳ барқро хомӯш кардаанд ва нисфирӯзӣ се чор маротиба  барқ омаду хомӯш шуд, вале то ҳоло нест.

Вале муҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Истаравшан Муҳидин Аҳмадзода зимни як тамоси телефонӣ  ба "Азия -Плюс" гуфт, ки хонаҳои баландошёна бо барқ таъмин ҳастанд ва аз додани иттилои бештар худдорӣ карда, тамсоро қатъ кард.  

Дар ҳамин ҳол Нозир Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик" ҳам ба "Азия-Плюс" гуфт, ки реҷаи додани барқ дар Тоҷикистон шадидан риоят мешавад. Ин масъули ширкат гуфтааст, ки "арзёбиҳои доимие, ки мо мегузаронем нишон дод, ки бештари навиштаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо дар бораи қатъи ғайриреҷавии барқ  ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд".

Ҳоло гуфта мешавад, ки талаботи шабонарӯзии вилояти Суғд ба неруи барқ ба ҳисоби миёна вобаста ба боду ҳаво  ҳудуди 17.5-18 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад. Масалан, санаи  4-уми январ 17 млну 214 ҳазор кВт/соат ва 5-уми январ  ба шимоли  мамлакат 17.5 млн кВт/соат нерӯи барқ  дода шудааст.  Дар як шабонарӯзи гузашта бошад, ба вилояти Суғд 16 миллиону 931 ҳазор кВт/соат барқ интиқол дода шудааст,   иттилоъ  медиҳанд  аз Шабакаҳои барқии Суғд

Дар Хуҷанд, ки дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳоло маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва он меъёре, ки айни замон аз ҷониби  ширкати “Барқи тоҷик” дода мешавад, басанда аст, мегӯянд масъулони соҳа

“Тибқи тартиботи муқараргардида, он миқдор нерӯи барқе, ки барои шаҳри Хуҷанд  аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” ҷудо шудааст, барои таъмини шаҳр кофист. Вақте ки ба реҷаи интиқоли барқ ягон тағйиру иловаҳо ворид шавад, мо ҳатман  мардумро огоҳ мекунем”-мегӯяд сардори шабакаҳои барқии Хуҷанд Рустам Пӯлотов.

Сокинони шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ҳам зимни як пурсишҳои ғайрирасмии мо гуфтанд, ки хонаҳои баландошёна бо барқ таъмин ҳастанд, аммо дар ҳавлиҳо барқ шабона хомӯш мешавад. Ҳаётҷон, сокини ноҳияи Ашт гуфт,  дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Ашт  барқ  аз соати   22 шаб то 5-и субҳ хомӯш мешавад, вале рӯзона доранд.

Оғози ҳафтаи ҷорӣ  ширкати “Барқи тоҷик” бо эълони  муроҷиатномааш аз маҳдудитяи неруи барқ хабар дода гуфт, ки  шурӯъ аз 5-уми январ  аз соати 23-00 шаб то соати 6-00 субҳ интиқоли қувваи барқ ба ҷуз хонаҳои баландошиёна, қатъ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.