Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия изҳори ҳамдардӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 январ ба президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо бинобар суқути ҳавопаймо ва талафоти зиёди ҷонӣ дар пайи он барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки “хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 январ ба президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо бинобар суқути ҳавопаймо ва талафоти зиёди ҷонӣ дар пайи он барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки “хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд”.

“Дар иртибот ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро иброз дошта, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонам», – омадааст дар барқия.

Ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-500-и ширкати ҳавопаймоии Sriwijaya Air-и Индонезия рӯзи 9 январ чанде баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Ҷакарта ба садама дучор шуд. Ба гуфтаи вазири нақлиёти Индонезия, дар ҳавопаймо 12 аъзои сарнишинон ва 50 мусофирон, аз ҷумла 10 нафар кӯдакон ҳузур доштанд.

Пас аз 4 дақиқаи парвоз алоқаи ҳавопаймо бо танзимгарон (диспетчерҳо) қатъ мешавад. Ҳавопаймо ба самти шаҳри Понтианак дар ҷазираи Борнео равона буд.

Хадамоти наҷотбахшии Индонезия изҳор доштааст, ки шикаста пораҳои ҳавопаймои ба садама дучоршударо дар баҳр дарёфт кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.