Талабот ҳасту камбуд нест. Ангишт дар Тоҷикистон қимат шуд

Ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит дар минтақаҳои кишвар ба афзоиши талабот ба ангишт ва болоравии нархи он боис гардид. Вобаста ба макони ҷойгиршавии ин ё он минтақа нисбат ба конҳои ангишт, нархи чаканаи он барои 1 кило аз 20 то 50 дирам боло рафт. Ба ин тариқ, дар вилояти Суғд, ки […]

Asia-Plus

Ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ё худ лимит дар минтақаҳои кишвар ба афзоиши талабот ба ангишт ва болоравии нархи он боис гардид.

Вобаста ба макони ҷойгиршавии ин ё он минтақа нисбат ба конҳои ангишт, нархи чаканаи он барои 1 кило аз 20 то 50 дирам боло рафт.

Ба ин тариқ, дар вилояти Суғд, ки дар он конҳои ангишти кишвар ҷойгиранду инчунин конҳои ангшти Қирғизистон начандон дуранд, арзиши ангишт 15-20 дирам зиёд шуд.

Як кило ангишти маҳаллӣ дар ин минтақа айни замон ба ҳисоби миёна 1,4 сомонӣ ва ангишти Қирғизистон – 1,8 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар бозорҳои гурӯҳи ноҳияҳои вилояти Хатлон нархи ангишт аз оғози моҳи январ 20-23 дирам боло рафта, як кило ангишти маҳаллӣ 1 сомонӣ ва воридотӣ – 2,5 сомонӣ нарх дорад.

Дар гурӯҳи ноҳияҳои Бохтари вилояти Хатлон 1 кило ангишти маҳаллиро бо 1,5 сомонӣ ва ангишти Қирғизистонро – бо 2,10 сомонӣ метавон харид.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ 1 кило ангишти маҳаллӣ – 1,8 сомонӣ, қирғизӣ – 2 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ВМКБ ин нархҳо мутаносибан чунинанд: 2 сомонӣ ва 2,10 сомонӣ.

Нархи яклухти як тонна ангишт дар конҳо вобаста ба сифат ва тарзи истихроҷ (кушода ва зеризаминӣ) ба ҳисоби миёна 550 сомониро ташкил медиҳад, яъне 1 килои он 55 дирам нарх дорад. Ҳиссаи назаррасро дар нархгузории ин навъи сӯзишворӣ ба нуқтаҳои фурӯш бурда расонидани он ташкил медиҳад. Чунин нуқтаҳо дар саросари кишвар зиёда аз 2 ҳазоранд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ 1 млн 855 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки 1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Соли 2019 дар Тоҷикистон ҳаҷми рекордӣ дар таърихи кишвар – зиёда аз 2 млн тонна ангишт истихроҷ шуд.

Дар ҷумҳурӣ 18 корхона ба истихроҷи ангишт машғуланд, лекин зиёда аз 95% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба 5 корхона – “Фон-Яғноб”, “Талко-Ресурс”, ҶДММ “КМТ”, “Зиддеҳ” ва ҶСК “Ангишт” рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.