Насби камераҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои эстакадаҳои Душанбе

Дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар умум 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрфунксионалӣ насб карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Н. Махсум-Б. Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) 30 адад камера ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино (маҳаллаи Қарияи […]

Дар гузаргоҳҳои зеризаминии роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар умум 49 адад камераҳои мушоҳидавии бисёрфунксионалӣ насб карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои Н. Махсум-Б. Ғафуров (маҳаллаи 82-юм) 30 адад камера ва дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаҳои И. Сомонӣ – А. Сино (маҳаллаи Қарияи Боло) 19-адад камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи наворҳо дар маркази назоратбарии он дар Қисми навбатдории Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Сино ҷойгир карда шуда, нафари масъул аз ҳисоби кормандони милитсия вобаста карда шудааст.

Дар РВКД қайд мекунанд, ки камераҳо ҷиҳати таъмини амният ва бехатарии шаҳрвандон, ки ҳангоми убури роҳ аз роҳҳои зеризаминӣ истифода мебаранд, гузошта шудааст.

“Дар сурати содир гардидани ҳамагуна амалу кирдорҳои номатлуби зиддиҷамъиятӣ, махсусан муноқиша ва авбошиву дигар кирдорҳои ҷиноятӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсия дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, нафарони гумонбар дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Ҳамаи камераҳои видеоӣ аз ҷониби шаҳрдории пойтахт харидорӣ ва насб карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.