Нигарониҳо дар Ӯзбекистон аз овозаҳои гӯё рахна шудани сарбанди обанбори Қайроққум

Date:

Шоми бевақти дирӯз, 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд.

Дар ин робита Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон изҳорот пахш намуда, ин маълумотро бардурӯғ унвон кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар обанбори Қайроққум ҳеҷ гуна ҳодисае рух надода, он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба мисли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари ҳамсоя аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳо бовар накунанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории “Кун.уз”-и Ӯзбекистон, овозаҳо дар бораи гӯё рахна шудани сарбанд байни аҳолии чанде аз ноҳияҳои вилояти Сирдарё нигарониву ташвиши зиёде ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, бархе аз сокинони ноҳияҳои Сардоб, Мирзообод ва Оқолтин шитобкорона манзилҳои худро тарк карда, дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои зикршуда ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд омадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...