Нигарониҳо дар Ӯзбекистон аз овозаҳои гӯё рахна шудани сарбанди обанбори Қайроққум

Шоми бевақти дирӯз, 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд. Дар ин робита Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон изҳорот пахш намуда, ин маълумотро бардурӯғ унвон кард. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар обанбори Қайроққум ҳеҷ гуна ҳодисае рух надода, он бо реҷаи […]

Asia-Plus

Шоми бевақти дирӯз, 14 январ дар шабакаҳои иҷтимоии ӯзбекзабон дар бораи гӯё рахна шудани обанбори Қайроққум дар қаламрави Тоҷикистон маълумот нашр шуд.

Дар ин робита Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон изҳорот пахш намуда, ин маълумотро бардурӯғ унвон кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар обанбори Қайроққум ҳеҷ гуна ҳодисае рух надода, он бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба мисли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари ҳамсоя аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳо бовар накунанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории “Кун.уз”-и Ӯзбекистон, овозаҳо дар бораи гӯё рахна шудани сарбанд байни аҳолии чанде аз ноҳияҳои вилояти Сирдарё нигарониву ташвиши зиёде ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, бархе аз сокинони ноҳияҳои Сардоб, Мирзообод ва Оқолтин шитобкорона манзилҳои худро тарк карда, дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои зикршуда ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд омадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.