Маросими ҳаҷҷи умра боз ба таъхир афтод. То охири моҳи март

Арабистони Саудӣ то 31 март сарҳадҳояшро баста боқӣ мемонад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии ин кишвар. Ин қарор рӯзи 8 январ дар робита ба зарурати пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави штамми “бритониёӣ” қабул шуд. Ин вирус бештар сирояткунанда арзёбӣ мешавад. “Мутобиқи нақшаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, агар вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бад нашавад, алоқаи ҳавоӣ, баҳрӣ […]

Арабистони Саудӣ то 31 март сарҳадҳояшро баста боқӣ мемонад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии ин кишвар.

Ин қарор рӯзи 8 январ дар робита ба зарурати пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси нави штамми “бритониёӣ” қабул шуд. Ин вирус бештар сирояткунанда арзёбӣ мешавад.

“Мутобиқи нақшаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, агар вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бад нашавад, алоқаи ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ охири моҳи март барқарор карда мешавад”, – хабар медиҳад Al Arabiya.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз нимаи моҳи январ сарҳадҳо барои зойирин аз ҳамаи кишварҳо бо тадбирҳои маҳдудкунанда боз мешаванд. Ҳукуматдорон ба нақша гирифта буданд, ки вурудро танҳо ба шаҳрвандони синни аз 18 то 50-сола иҷоза диҳанд, то ки барои пиронсолон хатар эҷод нашавад.

Сипас ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки ба сафарбарии шаҳрвандон ба Макка ва Мадина машғуланд, хабар доданд, ки сафари гурӯҳи аввали ибодаткунандагон охири моҳи январи соли 2021 сурат мегирад.

Саъдулло Қурбонов, роҳбари ширкати сайёҳии “Расулсохтмон”, ки ба сафарбарии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаҷҷи умра машғул аст, ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда буд, ки сафари зойирин бинобар сабаби қарори ҳукумати Арабистони Саудӣ мавқуф гузошта шудааст. Дар Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дода буданд, ки алҳол дар ин хусус огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.

Вуруд ба Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо мақсади анҷоми маросими Ҳаҷи умра охири моҳи феврали соли 2020 бар асари хуруҷи коронавирус боздошта шуд.

Дар Кумита зикр карда буданд, ки дар сурати бекор шудани сафар, навбати зойирин пурра нигоҳ дошта шуда, ба соли дигар гузаронида мешавад. Шӯрои уламо бошад, ба зойирин тавсия дод, ки маблағи барои адои маросими ҳаҷ ҷамъовардаашонро ба корҳои хайру эҳсон ва рушду шукуфоии кишвар сарф кунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими ҳаҷ қариб 2,5 млн нафар мусалмонон аз саросари дунё барои адои яке аз рукнҳои ҳатмии ислом ба Арабистони Саудӣ роҳ пеш мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.