Тағйироти кадрӣ дар Бонки миллӣ ва Вазорати рушди иқтисод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод, мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президент Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд. Гуфта мешавад, бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод, мақомоти прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президент Фирдавс Толибзода ва Мирҳаёт Ёқубзода ба вазифаҳои муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Гуфта мешавад, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуд.

Дар мувофиқа бо сарвари давлат аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба сардорони Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ВМКБ, вилояти Хатлон ва дигар Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур таъин гардиданд.

Ба вазифаи прокурори ВМКБ, прокуророни ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Ховалинг, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони собиқадору соҳибтаҷриба таъин шуданд.

Ҳамчунин бо амри сарвари давлат Аҳлиддин Ибодуллозода директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин шуд. Директори пешини ин муассиса Абдувалӣ Шарифзода ба кори дигар гузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.