Дар Тоҷикистон хидмати аскарии пулакӣ ҳам иҷоза шуд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мувофицат кард. Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардида, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” мувофицат кард. Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардида, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд.

Зимни шарҳи ин тағйирот ба вакилон вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо қайд кард, ки “ҳамасола ҳамагӣ ҳудуди 10% ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, боқимонда 90% аз хизмат канор мемонанд”.

Ба ин тариқ, навгонӣ роҳандозии хизматро барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ мекунад.

“Барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ намуди нави хизмат ташкил мешавад: дар муддати як моҳ бо пардохти маблағи муайян онҳо маҳорати гузаштан аз хизмати ҳарбиро меомӯзанд. Бо анҷоми ин курсҳо ба онҳо шаҳодатномаи ҳарбӣ дода мешавад”, – гуфт вазири мудофиаи Тоҷикистон.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ҳоло тартиби омода кардани чунин ҳайати захиравӣ ва шакли пардохт барои хизмати якмоҳа муайян нашудааст: ин салоҳияти ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шомурод дар шарҳи ин тағйирот ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки минбаъд ҳамаи хатмкунандагони макотиби олии ҷумҳурӣ, ки то замони хатми мактаби олӣ синнашон ба 27-солагӣ нарасидааст,  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои хизмат даъват мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамаи хатмкардагони макотиби олӣ, ки давраи донишҷӯӣ дар кафедраи ҳарбӣ таҳсил кардаанд, танҳо баъди хизмат дар артиш ба муҳлати як сол унвони афсари ҳайати захиравӣ дода мешавад.

Шоҳмурод зикр кард, ки қаблан хатмкунандагони макотиби олии дорои унвони афсариро пас аз хатми таҳсил ба ҳайати захираи сафарбарии Қувваҳои мусаллаҳ шомил мекарданд ва танҳо бо фармони вазири мудофиа ба хизмат даъват шуда метавонистанд.

“Акнун мувофиқи меъёрҳои лоиҳаи нави қонун дар бораи хизмати ҳарбӣ, ки дар таҳрири нав аз ҷониби ҳукумат таҳия шудааст, хатмкардагони мактабҳои олии дар кафедраҳои ҳарбӣ аз омӯзиш гузашта мувофиқи фармони сарвари давлат “Дар бораи даъвати навбатӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ” ба хизмат даъват карда мешаванд”, – зикр кард номбурда.

Лоиҳаи қонуни зикршуда дар таҳрири навро ҳукумат барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони саводнок ба сафи артиши кишвар таҳия намуд, қайд карданд ба “Азия-Плюс” дар Вазорати мудофиаи кишвар.

Матни тағйирот ба ин қонун дар сомонаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ нашр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.