Хуҷанд: шикастани дасту пой ва осеб дидани бештар аз 130 нафар дар роҳҳои барфу яхбаста

Дар рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 нафар бар асари барфу яхбандии роҳҳо уфтода, дасту пойҳо ва сутунмӯҳраашон осеб дида, ҳатто шикастаанд. Табибон мегӯянд, рӯзи 22-уми январ, ки дар Хуҷанд барфи зиёд борид, ба нуқтаи осебшиносии шаҳр 70 нафар ва рӯзи шанбеи 23-юми январ 65 нафар ба далели осеб дидани дасту пой ва узвҳои дигарашон оварда шуданд. Духтури осебшиноси […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 нафар бар асари барфу яхбандии роҳҳо уфтода, дасту пойҳо ва сутунмӯҳраашон осеб дида, ҳатто шикастаанд. Табибон мегӯянд, рӯзи 22-уми январ, ки дар Хуҷанд барфи зиёд борид, ба нуқтаи осебшиносии шаҳр 70 нафар ва рӯзи шанбеи 23-юми январ 65 нафар ба далели осеб дидани дасту пой ва узвҳои дигарашон оварда шуданд.

Духтури осебшиноси Маркази осебшиносӣ дар Хуҷанд Абдуғанӣ Абдуазизов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзи 22-уми январ, дар якумин рӯзи барфборӣ ба ӯ 70 нафар бо шикасти дасту пой ва сутунмӯҳра муроҷиат карданд. Танҳо ҳамон рӯз 8 нафарро, ки ҷароҳати вазнин бардошта буданд, ба беморхона интиқол додааст. Ӯ гуфт, сокинон асосан дар кӯчаву роҳравҳо ва зинаҳо лағжида, осебу шикасти дасту пой бардоштанд.

“Аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муроҷиати осебдидагон бо сабаби лағжида афтодан дар рӯйи барфу ях ду маротиба назар ба рӯзҳои бебарфӣ зиёд шуд. Бо осеби хело вазнини шикасти сутунмӯҳра, дасту пой ҳам омаданд, мо онҳоро ба беморхона интиқол додем. Бисёри вақт одамон ҳангоми афтодан барои эҳтиёт дасти худро ба пеш мегузоранд, аз ин рӯ, шикастан ва ё осеб дидани даст зиёд аст”.

Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе танҳо ба як маркази осебшиносии Хуҷанд беш аз 135 нафар, ки дар роҳраву кӯчаҳои барфпӯшу яхбаста уфтода, осебҳои гуногун бардоштаанд, оварда шуданд. Осебшинос афзуд, дар ин рӯзҳо осеби ҷиддиеро калонсолон бардоштанд, ки шуморашон ҳам зиёд буд.

Бар асари бориши барфи зиёд аз рӯзи 22-уми январ дар Хуҷанд, роҳраву кӯчаҳо барфпӯшу ях баста буданд, ки гаштугузори пиёдаравҳоро мушкил карда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.