Оташ майдони зиёда аз 600 метри мураббаъи “Султони Кабир”-ро фаро гирифт

Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор имрӯз дар бозори “Султони Кабир”-и пойтахт бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаҳои барқ сар задааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. Зиёни расида аз сӯхтор 800 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ эмин дошта шуд. Гуфта мешавад, оид ба ҳодисаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор имрӯз дар бозори “Султони Кабир”-и пойтахт бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаҳои барқ сар задааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Зиёни расида аз сӯхтор 800 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ эмин дошта шуд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, сабабу омилҳо ва зарари аниқи оташ муайян карда мешавад.

“Сӯхтор дар бозори “Султони Кабир” тахминан соати 07.30 сар зада, ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифт,  -омадааст дар маълумоти ВКД. – Барои хомӯш кардани сӯхтор 16 автомашинаи оташнишонӣ бо 348 нафар кормандони оташнишонӣ ва 200 кормандони дастаи таъиноти махсус, РВКД дар ш. Душанбе барои таъмини тартибот сафарбар карда шуданд”.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи андешидани чораҳои лозимӣ, оташ соати 9.30 пурра хомӯш карда шуда, касе аз одамон осеб надидааст.

Оташ майдони 610 метри мураббаъи бозорро фаро гирифт.

Навори видеои сӯхторро субҳи имрӯз шунавандагони радиои “Азия-Плюс” фиристоданд.

Дар бозори “Султони Кабир” бештар масолеҳи сохтмон ба фурӯш гузошта шудааст. Тобистони соли 2018 низ дар майдони 1,2 ҳазор метри мураббаъи ин ҷо сӯхтор ба амал омада буд. Баъдан он дубора таъмиру навсозӣ шуда, пеш аз рафу дӯконҳо марказҳои савдо пайдо шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.