Дар Эрон тӯли ним сол 2 гӯштингир ба қатл расонида шуд

Date:

Дар Эрон пас аз айбдорӣ ба куштор гӯштингир Меҳдӣ Алӣ Ҳусейнии 30-сола ба қатл расонида шуд, хабар медиҳад Bloodyelbow.

Ҳусейнӣ соли 2015 ба гумони даст доштан дар куштор ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар кӯча боздошт шуд. Оилаи варзишгар авфи ӯро дархост накарданд. Ҳукм дар зиндони Дизфул дар ғарби Эрон ба иҷро расид.

Ҳамтоёни Ҳусейнӣ, аз ҷумла қаҳрамони олимпӣ оид ба гӯштингирӣ Ҳомид Сориён ба ҷонибдории ӯ талош варзиданд, лекин аз муроҷиати онҳо натиҷае ҳосил нашуд.

Ғайр аз ин, аз Департамени давлатии ИМА низ талаб шуд, ки ҳукми қатл ба иҷро расонида нашавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта низ гӯштингири дигари эронӣ Навид Афкарӣ ба қатл расонида шуда буд, ки ӯро ҳам дар куштор айбдор донистанд. Лекин мухолифон изҳор доштанд, ки Афкарӣ зери шиканҷа гуноҳашро эътироф намуда, барои иштирок дар эътирозҳои зидди ҳукумат ба қатл расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...