Дарёфти ҷасадҳои хунукзадаи падару писар пас аз 7 рӯз дар кӯҳҳои Хоҷамастон

Date:

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо ёрии аҳолии маҳаллӣ рӯзи 29 январ дар кӯҳҳои Хоҷамастон ҷасадҳои хунукзадаи падару писар – Баён Солеҳов ва Муҳтоҷиддин Солеҳов, сокинони деҳаи Загертии шаҳри Левакандро дарёфт намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҳалокшудагон ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидов ба ҷустуҷӯи чорвои хонагии худ рафта, бедарак шуда буданд.

Ҳамон шаб дар кӯҳҳо барфи хеле зиёд борида, тумани ғализ фаромад ва ҳаво якбора хеле сард шуд.

“Ҷасади падару писар дар яке аз нишебиҳои кӯҳ дарёфт шуда, онҳо дар оғӯши ҳамдигар аз хунукӣ ҳалок шудаанд”, – қайд кард Юсуфӣ.

Ба гуфтаи котиби матбуотии Кумита, ҷустуҷӯи ҷасади ҳамсояи онҳо Рустам Саидов идома дорад.

Зимнан хотиррасон шуд, ки Кумита маҳз дар ҳамин давра аҳолиро аз худдорӣ кардан ба сафару саёҳат ба минтақаҳои кӯҳистон огоҳ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...