Додситони кул: “дар 1 моҳи ахир 10 нафар барои ҳамкорӣ бо хоинони миллат дастгир шуданд”

Як моҳи охир даҳ нафар шаҳрвандони кишвар аз сӯйи Додситонии кул барои ҳамкорӣ "бо ҷинояткорон ва иғвоангезоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд", дастгир ва ҳабс карда шудаанд. Дар ин бора додситони кули Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.  Ба гуфтаи ӯ "вақтҳои охир ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҷониби афроди иғвогар ва ҷинояткорони […]

Asia-Plus

Як моҳи охир даҳ нафар шаҳрвандони кишвар аз сӯйи Додситонии кул барои ҳамкорӣ "бо ҷинояткорон ва иғвоангезоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд", дастгир ва ҳабс карда шудаанд. Дар ин бора додситони кули Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар нишасти хабарии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи ӯ "вақтҳои охир ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз ҷониби афроди иғвогар ва ҷинояткорони дар хориҷ аз кишварбуда", зиёд шудааст. 

“Танҳо дар дохили мамлакат як моҳи охир 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо афроди ҷиноятпеша ва иғвоангез қарор доштанд ва маълумотҳои бардурӯғ, иғвоангезӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ирсол мекарданд, дастгир ва ҳабс карда шуданд”. 

Юсуф Раҳмон, ҳамзамон илова кард, ки "дар оянда низ касе, ки ба манфиати хоинони миллат ва бар зидди манфиати мардуми Тоҷикистон кору фаъолият мебарад, шахсияти онҳо ошкор гардида,  ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд".  

Додситони кул илова кард, ки “ин тоифа мехоҳанд бадбахтии соли 1992-ро ба Тоҷикистон оранд ва нооромиҳоро низ ба вуҷуд оранд. Бо ин роҳ кӯшиш мекунанд, ки мардумро ҷалб кунанд. Вале мо ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳем. Мо ҳамаи роҳ ва воситаи таъсиррасониро андешида истодаем, ки таъсиррасонии ифротии онҳо ба мафкураи мардум камтар шавад. Касоне, ки бо онҳо дар дохил ва беруни мамлакат ҳамкорӣ доранд, мо онҳоро муайян карда истодаем”, – гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст