СММ даъват кард, ки тоҷикистониёни дар лагерҳои Сурия ҳузурдошта ба ватан оварда шаванд

Зиёда аз 20 нафар коршиносони СММ оид ба ҳуқуқи башар ба ҳукуматҳои 57 давлат муроҷиат намуда, аз онҳо даъват намуданд, ки шаҳрвандони дар паноҳгоҳҳо (лагерҳо)-и Ал-Хол ва Роҷи Сурия ҳузурдоштаашонро таъҷилан ба ватан баргардонанд. Аксарияти кулли онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, хабар медиҳад маркази иттилооти СММ. Коршиносони мустақил хотиррасон намудаанд, ки дар ин паноҳгоҳҳо дар […]

Asia-Plus

Зиёда аз 20 нафар коршиносони СММ оид ба ҳуқуқи башар ба ҳукуматҳои 57 давлат муроҷиат намуда, аз онҳо даъват намуданд, ки шаҳрвандони дар паноҳгоҳҳо (лагерҳо)-и Ал-Хол ва Роҷи Сурия ҳузурдоштаашонро таъҷилан ба ватан баргардонанд. Аксарияти кулли онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, хабар медиҳад маркази иттилооти СММ.

Коршиносони мустақил хотиррасон намудаанд, ки дар ин паноҳгоҳҳо дар Сурия 64 ҳазор нафар аз 57 кишвар бо шумули Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Ӯзбекистон ва Эстония қарор доранд.

Шахсони дар ин паноҳгоҳҳо ҳузурдошта эҳтимолан узви гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДОИШ ё ҳамкорӣ доштан бо онҳо арзёбӣ мешаванд.

Ал-Хол урдӯгоҳи бузургтарин дар Сурия барои паноҳандагон ё кӯчбастагон буда, 90%-и бошандагонаш занону кӯдаконанд ва синну нисфи кӯдакон аз 5-сола хурдтар аст.

“Ҳазорон нафар одамони дар ин паноҳгоҳҳо ҳузурдошта мавриди хушунату истисмор қарор гирифта, шароит ва муносибат бо онҳо ба шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори ғайриинсонӣ ва пасткунандаи шаъну эътибор тибқи ҳуқуқи байнулмилалӣ баробар дониста мешавад”, – қайд мешавад дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқи СММ.

Ба гуфтаи онҳо, як шумори номуайяне аз ин одамон бар асари чунин шароити нигаҳдорӣ фавтидаанд.

Дар СММ таъкид мекунанд, ки зӯроварӣ нисбати бошандагони паноҳгоҳҳо натанҳо ба марги одамон боис мегардад, балки ба расонидани кумаки башардӯстона, ки онҳо ба он ниёзи шадид доранд, имкон намедиҳад.

СММ ва шарикони он ба онҳо кумаки фавқулода ва аввалияи тиббӣ мерасонанд, бошандагонро бо обу ғизо, лавозимоти санитариву гигиена ва ҷойи будубош таъмин карда, аз онҳо ҳимоя мекунанд.

Лекин дар изҳороти имрӯза ҳомиёни ҳуқуқи СММ ёдрас мекунанд, ки дар ҳимояи шаҳрвандон, аз ҷумла занону занону кӯдакон бахусус дар ҳолатҳое, ки онҳо дар берун аз ҳудуди кишвари худ қарор доранд ва эҳтимоли риоя нашудани ҳуқуқҳои онҳо бениҳоят зиёд аст, масъулияти асосӣ бар дӯши давлатҳо вогузор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио