8 млн сомонии барои дигар иншоот пешбинишуда ба сохтмони беморхона дар Данғара равона шуд

Date:

Барои анҷоми сохтмони беморхонаи сироятӣ дар Данғара 8 млн сомонӣ равона шуд, ки барои бунёди дигар ишоот пешбинӣ гардида буданд.

Сардори Сарраёсати сохтмони вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода зимни нишасти хабарии 10 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони беморхонаи сироятӣ барои 80 кат дар Данғара идома дорад.

“Лекин бо сабаби пандемияи COVID-19 сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дастур дод, ки лоиҳа бозбинӣ ва шумори катҳо то 200 адад зиёд шавад, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем, ки 8 млн сомонии барои дигар иншоот пешбинишударо ба сохтмони ин беморхона равона созем”.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки нақшаи нави молиявии иншоотеро, ки маблағгузориашон қатъ шуд, ба Вазорати молия фиристодаанд.

“Нақшаи нави маблағгузории иншооти мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод фиристода, умедворем, ки аз ҳисоби буҷети марказӣ маблағгузорӣ таъмин шуда, ба бунёди иншоотҳо идома медиҳем”, – гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, Саъдуллозода дар бораи маҳз ба кадом иншоот қатъ шудани маблағгузорӣ ва фиристодани он ба сохтмони беморхона маълумот надод.

Зимнан зикр шуд, ки соли 2020 барои сохтмони иншооти давлатӣ 12,5 млн сомонӣ маблағ равона шуд.

“Ҳамчунин бо қарори раиси вилоят иловагӣ 2 млн сомонӣ ҷудо гардида, ҳамагӣ 14,5 млн сомонӣ маблағҳо азхуд шуд”, – қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи Саъдуллозода, то ҷашни Наврӯз ба истифода додани 4 иншоот, аз ҷумла беморхонаи сироятӣ дар Данғара, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Хуросон, қисмате аз бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ ва маркази бемориҳои дил дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...