Меъёри ААИ дар Тоҷикистон танҳо барои амалиёти ғайринақдӣ кам мешавад

Таҳиягарони Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро то 15% пешниҳод мекунанд. Лекин ин сабукии сарбории андоз танҳо ба он андозсупорандагоне дахл хоҳад дошт, ки бо амалиёти ғайринақдӣ сарукор доранд. Меъёри стандартӣ барои амалиёти андозбандишаванда, ки бо тариқи нақдӣ анҷом дода мешаванд, дар сатҳи ҳозира – 18% боқӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳиягарони Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро то 15% пешниҳод мекунанд.

Лекин ин сабукии сарбории андоз танҳо ба он андозсупорандагоне дахл хоҳад дошт, ки бо амалиёти ғайринақдӣ сарукор доранд.

Меъёри стандартӣ барои амалиёти андозбандишаванда, ки бо тариқи нақдӣ анҷом дода мешаванд, дар сатҳи ҳозира – 18% боқӣ мемонад.

Илова бар ин, дар лоиҳаи Кодекси нави андоз тадриҷан коҳишёбии меъёри ААИ барои амалиёти ғайринақдӣ ва баръакс, зиёдшавии ин меъёр барои анҷоми амалиёт тариқи нақдӣ пешбинӣ шудааст.

Ба ин тариқ, аз 1 январи соли 2024 кам кардани меъёри стандартӣ барои амалиёти ғайринақдӣ то 14% ва аз 1 январи соли 2027 – то 13% ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, меъёр барои андозсупорандагоне, ки ба анҷоми амалиёт тариқи нақдӣ идома медиҳанд, мутаносибан то 19% ва 20% боло бурда мешавад.

Дар лоиҳаи Кодекси нав меъёри пастшудаи ААИ барои амалиёти ғайринақдӣ – 5% ва барои амалиётҳои андозбандишавандае, ки бо тариқи нақдӣ  анҷом дода мешаванд – 8% пешниҳод шудааст.

Пешниҳод мешавад, ки аз 1 январи солҳои 2024 ва 2027 – меъёри пастшуда барои амалиёти ғайринақдӣ бетағйир  – 5% боқӣ гузошта шуда, барои амалиётҳои андозбандишавандае, ки бо тариқи нақдӣ анҷом дода мешаванд, мутаносибан – 9 ва 10% боло бурда шавад.

Дар Кодекси амалкунанда меъёри пастшудаи ААИ барои иҷрои корҳои сохтмон ва хизматрасониҳо дар соҳаи хӯроки умумӣ ба 7% ва хизматрасонии таълимӣ – 5% баробар аст.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, тайи 11 соли охир (солҳои 2010-2020) 44% аз ҳаҷми умумии воридоти маблағ аз пардохти андозро ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ААИ ташкил медиҳад. Андозҳо дар ин давра ба 68%-и даромади буҷет баробар буд.

Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав тариқи суроғаи http://www.itcmf.tj/kodeks ба баррасии ҷомеа пешниҳод шудааст.

Вазорати молия шарҳ медиҳад, ки бо назардошти пешниҳодҳои асосноки шаҳрвандон ба лоиҳа тағйирот ворид шуда метавонад. Пешниҳодҳои шаҳрвандон то 25 феврали соли ҷорӣ қабул мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала дастур дод, ки лоиҳаи нави Кодекси андоз бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони кишвар таҳия карда шавад.

Президент зикр кард, ки дар таҳияи Кодекси нави андоз ба масъалаи додани сабукиҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.