Тасдиқ карданд: ҷузъиёти 90 кг тилло ва 15 млн доллари қочоқе, ки дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд

Кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқбаронро боздошт намуданд, ки мехостанд миқдори зиёди тилло ва асъори хориҷиро ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароранд. Ин ҷо сари қочоқи 90 кило тилло ва 15 млн доллар сухан меравад, ки дастандаркорони он охири моҳи ноябри соли гузашта дар фурудгоҳ боздошт шуданд, иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 18 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон як гурӯҳи қочоқбаронро боздошт намуданд, ки мехостанд миқдори зиёди тилло ва асъори хориҷиро ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароранд.

Ин ҷо сари қочоқи 90 кило тилло ва 15 млн доллар сухан меравад, ки дастандаркорони он охири моҳи ноябри соли гузашта дар фурудгоҳ боздошт шуданд, иттилоъ дод зимни нишасти матбуотии имрӯз, 18 феврал сардори Раёсати мубориза бо қочоқи Хадамоти гумруки Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳмонзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс”.

“Қочоқбарон як миқдор тиллову асъорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, мехостанд минбаъд ба Дубай баранд”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели даст доштан дар қочоқ 7 нафар, аз ҷумла 3 корманди гумрук низ боздошт шудаанд.

“Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад”, – илова кард номбурда.

Аз ифшои ҷузъиёти дигари ин қазия Раҳмоналӣ Раҳмонзода худдорӣ варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.