Ҳукумат ҳудуди 500 млн доллар қарзи “Барқи тоҷик”-ро бахшид

Қарзҳои ШСХК “Барқи тоҷик”-ро ба маблағи умумии 5 млрд сомонӣ (442 млн доллар) ҳукумати Тоҷикистон аз эътибор соқит донист. Ин маблағ дар тавозуни ширкат ба сифати саҳми ҳукумат боқӣ мемонад. Сардори департаменти молиявии “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 феврал дар шарҳи ин масъала изҳор дошт, ки  ин ҷо сари қарзҳои беруна […]

Қарзҳои ШСХК “Барқи тоҷик”-ро ба маблағи умумии 5 млрд сомонӣ (442 млн доллар) ҳукумати Тоҷикистон аз эътибор соқит донист. Ин маблағ дар тавозуни ширкат ба сифати саҳми ҳукумат боқӣ мемонад.

Сардори департаменти молиявии “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 феврал дар шарҳи ин масъала изҳор дошт, ки  ин ҷо сари қарзҳои беруна сухан меравад, ки дар давраҳои гуногун аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика ҷалб шуда буданд.

Ба гуфтаи Маҷидзода, ин маблағҳо дар доираи барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” аз эътибор соқит дониста шудаанд.

Ӯ қайд кард, ки айни замон маблағи қарзи ширкат назди Вазорати молия 22 млрд сомониро ташкил медиҳад.

“Ғайр аз ин, – идома дод ӯ. – қарзҳо ба неругоҳи “Сангтӯда-2” ба маблағи 2,2 млрд сомонӣ ва “Сангтӯда-1” дар ҳаҷми ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ, инчунин қарзҳо аз ҳисоби таҳвили ангишт барои МБГ “Душанбе-2” ба маблағи 123 млн сомонӣ низ вуҷуд доранд”.

Маҷидзода таъкид дошт, ки ба ҳолати 1 январи соли равон қарзи дебитории “Барқи тоҷик” ба 3,1 млрд сомонӣ баробар аст.

Зимнан илова шуд, ки аз ширкат аз ҳама бештар аҳолӣ (1 млрд 342 млн сомонӣ) ва Ширкати алюминии тоҷик (390 млн сомонӣ) қарздоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.