Нусратулло Давлатзода гуфт, ки чаро натавонистанд нақшаи андозро иҷро кунанд: 600 млн кам

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи надози назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш далели дар соли 2020 иҷро карда натавонистани нақшаи андозро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта онҳо натавонистанд 600 миллион сомонии дигарро ба буҷа ворид кунанд. Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар соли 2020 ин ниҳод натавонист 2,3% андозҳо ва дигарро пардохтҳоро ҷамъоварӣ […]

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи надози назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш далели дар соли 2020 иҷро карда натавонистани нақшаи андозро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта онҳо натавонистанд 600 миллион сомонии дигарро ба буҷа ворид кунанд.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар соли 2020 ин ниҳод натавонист 2,3% андозҳо ва дигарро пардохтҳоро ҷамъоварӣ кунад. Ба назари раиси Кумита, ин асосан аз ҳисоби  кам шудани даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ будааст. 

"Қарз аз андоз дар соли 2020 330 миллион зиёд шуда ва 884 млн сомони ($75 млн) расидаасӣ, – гуфт Давлатзода. – Шумораи умумии қарздорон 35 ҳазор аст".

Давлатзода қарздорони бузурги андозро гуфт, ки дар миёни онҳо «Таҷиктелеком» (86 млн сомонӣ), НБО "Роғун"  (67 млн сомонӣ), Ширкати алюминийи тоҷик – Талко (38 млн сомонӣ), Сангтӯда – 1 (36 млн сомонӣ), Фурудгоҳи Душанбе (31 млн сомонӣ), «Талко Ресурс» (17 млн сомонӣ) ва «Алюминсохтмон» (16 млн сомонӣ).

Раиси Кумитаи андоз гуфт, ки маблағи умумии қарзҳои ширкатҳои зикршуда 291 млн сомониро ташкил мекунад, ки ба 33%  маҷмуъи умумии қарзҳо аз андоз баробар аст.

Ӯ зиёд шудани қарзи ширкатҳои бузургтарин кишварро ба вазъияти ҷории кишвар, ки бар асари ҳамагирии коронавирус ба амал омадааст, марбут донист. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.