Шаҳрдории Душанбе: барои рангу бори биноҳо аз аҳолӣ пул намегирем

Барои таъмири намо (фасад)-и хонаҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият аз аҳолӣ пул ҷамъоварӣ карда намешавад, хабар дод ба рӯзноманигорон зимни нишасти хабарии 18 феврал муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода. “Танҳо соҳибкорон ва шахсоне, ки имконият доранд, дар ин кор саҳм гузошта метавонанд”, – гуфт ӯ. Ба савол дар бораи пас чаро пурсидани […]

Барои таъмири намо (фасад)-и хонаҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият аз аҳолӣ пул ҷамъоварӣ карда намешавад, хабар дод ба рӯзноманигорон зимни нишасти хабарии 18 феврал муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода.

“Танҳо соҳибкорон ва шахсоне, ки имконият доранд, дар ин кор саҳм гузошта метавонанд”, – гуфт ӯ. Ба савол дар бораи пас чаро пурсидани 200 сомонӣ барои таъмир, вақте одамон ҷиҳати гирифтани маълумотнома ба Раёсати истифодабарии манзилҳо (ЖЭУ) муроҷиат мекунанд, Қурбонзода посух дод, ки “рӯйи ин масъала кор мекунанд”.

Қурбонзода ҳамчунин хабар дод, ки айни замон ба тавозуни Душанбе додани 7659 гектар заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҷараён дорад.

“Онҳо байни 3 ноҳия – Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур тақсим мешавад. Таъсиси ноҳияи нав дар Душанбе алҳол баррасӣ намешавад”, – гуфт вай.

Ғайр аз ин, муовини аввали раиси пойтахт қайд кард, ки дар Душанбе сохтмони 12 мактаби таҳсилоти умумӣ бароии қариб 14 ҳазор нафар хонандагон ва 12 муассисаи томактабӣ барои зиёда аз 12 ҳазор нафар кӯдакон ҷараён дорад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаҳои ғарбии пойтахт то маҳаллаи Чортут бо масофаи 9,2 километру 50-70 метр паҳноӣ ба маблағи 46,5 млн доллар аз ҳисоби гранти ҳукумати Ҳиндустон оғоз гардид.

Номбурда зикр кард, ки дар Душанбе 2 лоиҳа оид ба беҳбуди вазъи таъминот бо об мавриди амалишавӣ қарор дорад.

“Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо аҳолӣ бо 40 ҳазор адад обҳисобкунакҳо таъмин мешавад. Бепул, аз ҳисоби лоиҳа”, – иброз дошт Қурбонзода.

Зимнан зикр шуд, ки барои сохтмони 47 истгоҳҳои муосир дар пойтахт 12,9 млн сомонӣ харҷ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.