Дар гузаргоҳи “Қулма” 269 мошини бузургҳаҷми боркаш дармондааст

Ягона постгоҳи назоратӣ дар марзи байни Тоҷикистону Чин – “Қулма” аз аввали моҳи октябри соли гузашта инҷониб баста боқӣ мемонад. Равуо бо ин роҳ бо ташаббуси ҷониби Чин манъ шуд. “Ҳозир дар ин гузаргоҳ зиёда аз 260 адад мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) бо молу колои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд”, – хабар дод рӯзи 18 феврал […]

Ягона постгоҳи назоратӣ дар марзи байни Тоҷикистону Чин – “Қулма” аз аввали моҳи октябри соли гузашта инҷониб баста боқӣ мемонад. Равуо бо ин роҳ бо ташаббуси ҷониби Чин манъ шуд.

“Ҳозир дар ин гузаргоҳ зиёда аз 260 адад мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) бо молу колои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд”, – хабар дод рӯзи 18 феврал ба журналистон муовини сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода.

Ба гуфтаи ӯ, аз оғози сол ҷониби Чин тариқи постгоҳи “Қулма” ба убури ҳамагӣ 25 автомашина бо молу маҳсулоти тоҷирони тоҷик иҷоза додааст.

Ӯ таъкид дошт, ки бар асари пандемияи коронавирус соли гузашта гузаргоҳи “Қулма” ҳамагӣ ним сол кор кардааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин ҳафта вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар ин робита изҳори умедворӣ намуд, ки ҷониби Чин гузаргоҳи “Қулма”-ро то охири моҳи феврал боз мекунад.

Қобили зикр аст, ки Чин ба сегонаи шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ шомил буда, аз рӯйи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот пас аз Русия ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 440 млн доллар молу коло ворид шудааст, ки 14% аз ҳаҷми умумии воридоти соли гузаштаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо як соли пешин, соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Чин ба андозаи қариб 20% поин рафт.

Тоҷикистон аз Чин асосан маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, сарулибос, техникаву таҷҳизоти гуногун ва дигар чизҳо ворид мекунад. Баъзе маҳсулоти ғизоӣ низ оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.