Аз пардохтҳои гумрукӣ ба буҷа 5,4 млрд сомонӣ ворид шудааст

Соли гузашта ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ зиёда аз 5,4 млрд сомонӣ ворид гардид, изҳор дошт муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Азим Турсунзода зимни нишасти хабарии рӯзи 18 феврал. Ин нишондиҳанда, ба қавли ӯ, 680,9 млн сомонӣ ё худ ба андозаи 14,2% зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст. Соли 2020 ба ҷумҳурӣ ба […]

Соли гузашта ба буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ зиёда аз 5,4 млрд сомонӣ ворид гардид, изҳор дошт муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Азим Турсунзода зимни нишасти хабарии рӯзи 18 феврал.

Ин нишондиҳанда, ба қавли ӯ, 680,9 млн сомонӣ ё худ ба андозаи 14,2% зиёдтар аз нақшаи пешбинишуда аст.

Соли 2020 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 272,6 млн доллар маҳсулоти нафтӣ, 243,2 млн доллар – гандум, 177,4 млн доллар – гази моеъ оварда шудааст.

Ҳамчунин соли гузашта аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 31,8 млн доллар гӯшти мурғ ворид карда шудааст.

Вазъи ноустувори молиявӣ ва номусоиди эпидемилогӣ, инчунин сустшавии рушди иқтисоди кишварҳои шарикони асосии савдои Тоҷикистон ба воридоти воситаҳои нақлиёт ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расонид.

Тавре ки Азим Турсунзода қайд кард, соли 2020 воридоти воситаҳои нақлиёт ба маблағи 191,1 млн доллар кам шудааст.

Соли гузашта тарифу имиёзҳои додашуда мувофиқи қонунгузорӣ дар шакли пурра ё қисман озод кардан аз пардохтҳои гумрукӣ 77,7% аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулотро ташкил доданд.

Арзиши гумрукии ин молу маҳсулот ба 2 млрд 344 млн доллар, маблағи пардохтҳои гумрукии озодшуда ба ҳисоби миёна ба зиёда аз 3 млрд сомонӣ баробар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.