Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи 6 сафири хориҷиро пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 феврал дар Қасри миллат аз 6 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард. Дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ дар ин маврид менависад, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, Давлати Фаластин Луай  Исса, Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 феврал дар Қасри миллат аз 6 сафири нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул кард.

Дафтари матбуоти президенти ҷумҳурӣ дар ин маврид менависад, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш сафирони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ағбар, Ҷумҳурии Фаронса Мишел Тарран, Давлати Фаластин Луай  Исса, Ҷумҳурии Италия Агостино Пинна, Маҷористон Михай Матяш Галошфай ва Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул дар Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

“Дар пасманзари оқибатҳои манфии ҳамагирии КОВИД-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ айни замон ба хатару таҳдидҳои бесобиқа дучор гаштааст, – гуфт президент.

Таъкид шуд, ки дар чунин вазъияти ҳассос ҳамраъйиву дастгирии якдигар ва ҳамкории самараноки байналмилалӣ, омили калидии музаффарият дар мубориза бо чолишҳои имрӯза мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.