Боз $290 млн. Бо вуҷуди мушкили молиявӣ, сохтмони Роғун идома меёбад

Дар мавриди ҷалби сармоягузориҳо ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун ҳукумати Тоҷикистон созишҳои пешакӣ ҳосил намуд, хабар дод муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт айни замон гурӯҳи махсуси ҳукумат кор мекунад. Қаблан зикр шуда буд, ки  ҳукумат ният дорад барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз бонкҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар мавриди ҷалби сармоягузориҳо ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун ҳукумати Тоҷикистон созишҳои пешакӣ ҳосил намуд, хабар дод муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт айни замон гурӯҳи махсуси ҳукумат кор мекунад.

Қаблан зикр шуда буд, ки  ҳукумат ният дорад барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) 340 млн евро қарз гирад.

Барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун Каримзода ҷалби ҳам сармоягузории хориҷӣ ва ҳам дохилиро муҳим медонад.

Ӯ қайд кард, ки соли 2020 барои маблағгузорӣ ба ин иншоот аз ҳисоби буҷет 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 290 млн доллар) ва аз ҳисоби захираҳои байнулмилалии кишвар 1 млрд сомонӣ равона шуд.

Каримзода таъкид дошт, ки соли ҷорӣ низ барои идомаи сохтмони неругоҳ тақрибан дар ҳамин сатҳ маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла 2,1 млрд сомонӣ аз буҷет равона мегардад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, аз замони ба истифода додани ду агрегати неругоҳи Роғун (ноябри соли 2018 ва сентябри 2019) дар онҳо ба маблағи 500 млн сомонӣ 2,5 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳол шудааст.

Дар толори мошинҳои неругоҳи Роғун дар умум насби 6 гидроагрегат бо иқтидори ҳар кадоме аз агрегатҳо 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.