Барои пешгирии оқибатҳои пандемия Тоҷикистон аз БРСММ кумак хост

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо хонум Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ ) дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ вазир оид ба чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо хонум Пратибха Меҳта, намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ ) дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ вазир оид ба чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ маълумот дод.

Гуфта мешавад, ҳамзамон Завқизода дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои БРСММ ва зерсохторҳои онҳо барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар равона карда шаванд.

Дар навбати худ хонум Пратибха Меҳта, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон масъалаи мазкурро қобили дастгирӣ шуморида, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо ва ҷалби маблағҳои бештарӣ грантӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии Тоҷикистон изҳор намуд.

Зикр мегардад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо барои пешгирии оқибатҳои паёмадҳои пандемияи коронавируси COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), мусоидат барои низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ, амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 2021-2025 баён намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.